С.ЗУҲУРОВ: «ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ — ЗАРАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ»
Душанбе. 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби масъулини як қатор мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои мухталиф семинар-машварат дар мавзӯи «Таҳкими сирри давлатию ҳифзи техникиии иттилоот» семинар гузаронида шуд. Семинар –машваратро сардори саридора Саидамир Зуҳуров ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки сирри давлатӣ иборат аз маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва моликияти давлат иборат буда, ифшои он метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ, инфрасохторҳои иттилоотию коммуникатсионии давлат зарари ҷиддӣ расонад. Дар семинари мазкур диққати масъулини идораҳо бобати андешидани чораҳои фаврию амалӣ дар бораи иҷрои бечуну чарои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаи таъмини иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, атестатсияи объектҳои иттилоотӣ, тартиби ба қайдгирии давлатии онҳо ва таҳияи барномаҳои идоравӣ дар бораи аз санҷиши техникӣ гузаронидани воситаҳои техникии иттилоот, бо назардошти тақозои замони муосир ҷалб карда шуд.