САҲМИ ГАРМХОНАҲОИ СУҒД ДАР ТАНЗИМИ НАРХИ БОЗОРҲО

Апрель 12, 2010 09:11

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз ноҳияиҳои калони пахтакори вилояти Суғд маҳсуб ёфта, тибқи маълумоти оморӣ 13 фоизи пахтаи истеҳсолшавандаи вилоят маҳз дар ҳамин ин ноҳия парвариш ва истеҳсол мешавад. Пахтакорони ин ноҳия, тибқи нақша  имсол дар майдони 6 ҳазор гектар пунбадона кишт мекунанд. То имрӯз дар майдони 660 гектар ё ба андозаи 11 фоиз пунбадона кишт шудааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни боздиди кориаш аз ин ноҳия, ҷиҳати суст будани кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия эрод гирифта, роҳбарият ва масъулини соҳаро вазифадор кард, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд. Раиси вилоят аз кооперативи истеҳсолии «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷ. Расулов дидан кард, ки дар қисме аз майдонҳои он сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор ва бодиринг кишт шудааст. Дар ин мавзеъ дар ҳудуди қариб 0,40 гектар, зери пленкаҳои полиэтиленӣ бодиринг ва помидори навъи «чилгӣ», моҳи март кишт шуда, аввалин ҳосили онро деҳқонон оғози моҳи май ҷамъоварӣ хоҳанд кард. Соли гузашта деҳқонони ин хоҷагӣ ҳар як килограмми маҳсулотро аз сари замин бо нархи 4-4,5 сомонӣ фурӯхта, дар маҷмӯъ то 4 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардаанд. Дар хоҷагии деҳқонии «Баҳром» ду гармхона – ҳар яке дар масоҳати 0,05 гектар замин бунёд гардида, дар онҳо помидори навъи «белла» ба миқдори 1400 адад шинонида шудааст, ки аз деҳқонон 8 тонна ҳосил интизоранд. Ҳосили гармхонаҳо шурӯъ аз моҳи январ бо нархи 6,5 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда, дар як мавсим аз он то 40 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меояд. Гуфтанист, ки гармхонаҳои мазкур бо усули хитоӣ сохта шуда, онҳо бо нури офтоб ва бе истифода аз сӯзишворӣ гарм карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи помидор хеле баланд аст. Инро савдогарон ба он вобаста медонанд, ки ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид шуда, табиист, ки нархи он ҳам қиммат аст. Агар маҳсулин дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд ва дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ низ шумораи гармхонаҳо зиёд карда шавад, сокинони пойтахт низ аз ин намуди маҳсулоти босифат ва арзон таъмин мегарданд.    

Апрель 12, 2010 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд