САҲМИ ГАРМХОНАҲОИ СУҒД ДАР ТАНЗИМИ НАРХИ БОЗОРҲО
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз ноҳияиҳои калони пахтакори вилояти Суғд маҳсуб ёфта, тибқи маълумоти оморӣ 13 фоизи пахтаи истеҳсолшавандаи вилоят маҳз дар ҳамин ин ноҳия парвариш ва истеҳсол мешавад. Пахтакорони ин ноҳия, тибқи нақша имсол дар майдони 6 ҳазор гектар пунбадона кишт мекунанд. То имрӯз дар майдони 660 гектар ё ба андозаи 11 фоиз пунбадона кишт шудааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни боздиди кориаш аз ин ноҳия, ҷиҳати суст будани кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия эрод гирифта, роҳбарият ва масъулини соҳаро вазифадор кард, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд. Раиси вилоят аз кооперативи истеҳсолии «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷ. Расулов дидан кард, ки дар қисме аз майдонҳои он сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор ва бодиринг кишт шудааст. Дар ин мавзеъ дар ҳудуди қариб 0,40 гектар, зери пленкаҳои полиэтиленӣ бодиринг ва помидори навъи «чилгӣ», моҳи март кишт шуда, аввалин ҳосили онро деҳқонон оғози моҳи май ҷамъоварӣ хоҳанд кард. Соли гузашта деҳқонони ин хоҷагӣ ҳар як килограмми маҳсулотро аз сари замин бо нархи 4-4,5 сомонӣ фурӯхта, дар маҷмӯъ то 4 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардаанд. Дар хоҷагии деҳқонии «Баҳром» ду гармхона – ҳар яке дар масоҳати 0,05 гектар замин бунёд гардида, дар онҳо помидори навъи «белла» ба миқдори 1400 адад шинонида шудааст, ки аз деҳқонон 8 тонна ҳосил интизоранд. Ҳосили гармхонаҳо шурӯъ аз моҳи январ бо нархи 6,5 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда, дар як мавсим аз он то 40 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меояд. Гуфтанист, ки гармхонаҳои мазкур бо усули хитоӣ сохта шуда, онҳо бо нури офтоб ва бе истифода аз сӯзишворӣ гарм карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи помидор хеле баланд аст. Инро савдогарон ба он вобаста медонанд, ки ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид шуда, табиист, ки нархи он ҳам қиммат аст. Агар маҳсулин дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд ва дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ низ шумораи гармхонаҳо зиёд карда шавад, сокинони пойтахт низ аз ин намуди маҳсулоти босифат ва арзон таъмин мегарданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






