САБАБИ БОЗДОШТИ ҚАТОРАҲО ЧИСТ?

Апрель 8, 2010 16:02

Қӯрғонтеппа, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Вагонҳои бору маҳсулоти соҳибкорони вилояти Хатлон, ки аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин ва дигар давлатҳо интиқол мешуданд, зиёда аз як моҳ мешавад, ки дар қаламрави  Ҷумҳурии Ӯзбекистон банд мебошанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Саидҷон Ёдгорӣ муовини сардори Хадамоти боркашонии роҳи оҳани вилояти Хатлон хабар дод. Аз 16- уми март то ба имрӯз ягон қатораи боркаш аз хориҷи мамлакат вориди вилояти Хатлон нашудааст, ки ин боиси нигаронӣ ва расидани ҳисороти зиёде ба роҳи оҳан гардидааст, иброз дошт ӯ. Ба гуфти ӯ шумораи ин вагонҳо зиёда аз 950 адад буда, аз ин миқдор 181 вагон равғанҳои молиданӣ, 210 вагон сузишворӣ, зиёда аз 60 вагон орд, 15 вагон гандум, 44 вагон семент, 7 вагон таҷҳизотҳо  барои НБО  «Сангтуда-2»  ва дигар молу маҳсулот мебошад, иброз намуд дар идомаи суханрониаш Саидҷон Ёдгорӣ. Сабаби боздошт шудани вагонҳои боркаш боридани боронҳои дуру дароз ва ҷорӣ гардидани сел дар қитъаи роҳҳои «Термиз Амзуан» баҳонаҷӯи мекарданд, ки дар он ҷо барқароркунии роҳ рафта истода бошад. Аммо дар Термиз  боридани борон кам ба мушоҳида мерасад, сабаби боридани боронҳои дуру дароз ва ҷорӣ гардидани сел қитъаи роҳҳои мо як моҳ мешавад, ки дар имрӯзҳо баҳонаҷӯӣ мекунанд, ки нарасидани тепловозҳо рӯз то рӯз вагонҳо бисёр шуда истода,  ба кашондани вагонҳо тепловозҳо  намерасида бошад.  

Апрель 8, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд