САФАРИ КОРИИ М.АЛИМАРДОН БА ТОШКАНД
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон баъди чошти имрӯз барои боздиди корӣ озими пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд хоҳад гашт. Ӯ дар ин ҷо бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов мулоқот анҷом медиҳад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муовини Сарвазирро дар ин сафар раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров ва раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла транзит, ҳамлу нақл ва ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои обу энергетика ва рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






