САФАРИ КОРИИ М.АЛИМАРДОН БА ТОШКАНД

Апрель 26, 2010 14:15

Душанбе,  26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Муовини Сарвазири  мамлакат Муродалӣ  Алимардон  баъди  чошти  имрӯз барои  боздиди  корӣ  озими  пойтахти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  —  шаҳри  Тошканд  хоҳад  гашт. Ӯ дар  ин  ҷо  бо  муовини  аввали   Сарвазири  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Рустам  Азимов  мулоқот  анҷом  медиҳад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  муовини  Сарвазирро   дар ин  сафар  раиси Ҷамъияти  саҳҳомии «Барқи  тоҷик»  Абдулло  Ёров,  вазири  мелиоратсия  ва  захираҳои об  Раҳмат  Бобокалонов,  муовини   вазири   корҳои  хориҷӣ  Маҳмудҷон  Собиров  ва  раиси  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Роҳҳои  оҳани  Тоҷикистон»  Амонулло  Ҳукумов  ҳамроҳӣ  мекунанд. Дар  ҷараёни  мулоқот  масъалаҳои  марбут ба  муносибатҳо ва  ҳамкории  Тоҷикистону  Ӯзбекистон,  аз  ҷумла транзит,  ҳамлу  нақл  ва  ҳамкории  ҳар  ду  мамлакат  дар  соҳаҳои обу  энергетика  ва рушди  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ  мавриди  муҳокима  қарор  дода  хоҳанд  шуд.

Апрель 26, 2010 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад