САРҲАДҲОИ БОЗ
Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз 9 то 12 апрел дар Душанбе Фестивали беҳтарин филмҳои давлатҳои ИДМ таҳти унвони «Кино: сарҳадҳои боз» гузаронида мешавад. Дар фестивал беҳтарин филмҳои тозаэҷоди Беларус, Русия ва Украина намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин дар доираи он барои тамошобинон вохӯриҳо бо муаллифон, коргардонҳо ва ҳунармандони кинофилмҳо ташкил карда хоҳанд шуд. Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷашнвораи мазкур бо ташаббуси Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Фестивал бо намоиши филми «Саодатманд» (Блаженная) оғоз меёбад. Ғайр аз ин дар давоми се рӯз мухлисони санъати кино метавонанд аз тамошои филмҳои «Зани мусофир», «Қиссаи як ҷанг», «Барқи сиёҳ» ва ғайра баҳра баранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






