САТҲИ КАМБИЗОАТӢ 40 ФОИЗ ПАСТ КАРДА МЕШАВАД

Апрель 28, 2010 10:52

Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи дурнамои миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои се соли оянда афзоиши солонаи нишондиҳандаҳои иқтисоди воқеӣ ба андозаи на кам аз  5 – 6 фоиз ва сатҳи таваррум на зиёда аз 8 – 10 фоиз пешбинӣ гардидааст. Дар доираи Стратегия барои солҳои 2010 – 2012 татбиқи чорабиниҳои зарурӣ  ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешбинӣ шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ  то охири соли 2012  то 40 фоиз паст карда шавад. Боис ба ёдоварист, ки натиҷаҳои тадқиқоти муштараки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва  ташкилотҳои мустақил доир ба сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон , ки соли 2007  гузаронида шуда буд, сатҳи камбизоатӣ аз 73 фоизи соли 2003 то 53 фоиз дар соли 2007 коҳиш дода шуд. Ин раванд   солҳои 2008 2009 низ идома ёфт ва беш аз 1 млн. нафар аҳолии кшвар  аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуд.  

Апрель 28, 2010 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад