ШӮҲРАТИ РОҒУН БА ОЛМОН МЕРАВАД

Апрель 5, 2010 15:20

Душанбе,  5 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Гурӯҳи  эҷодии   шабакаи  аввали   Ширкати  радиою телевизиони  Олмон  барои  ба  навор гирифтани   филм  дар  бораи  дастовардҳои  Тоҷикистон дар  давоми  солҳои  истиқлолият ба  Душанбе омад. Сафари  кории  гурӯҳи  наворбардорон  ва  наворгирии  филм то  20  апрел  давом  мекунад. Ба  ҳайати гурӯҳ  продюсер  Маркус  Бейсман,  мухбири телевизион Штефан Штухлик ва   кормандони  дафтари  ширкати телевизионии  Олмон  дар  Маскав – наворбардор Фёдор Симмул ва  коргардони овоз Вениамин  Захаров  шомиланд. Қисматҳои  асосии  филм  дар  нерӯгоҳҳои  барқи  обии  Норак  ва  Роғун,  инчунин   посгоҳ ва  гузаргоҳи  сарҳади  Тоҷикистону  Афғонистон  ба  навор гирифта  хоҳанд  шуд.  Роҳбари  дафтари  матбуоти Ҷамъияти  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» Нозир  Ёдгорӣ  хабар дод, ки  гурӯҳи  наворбардорони  олмониро  намояндагони  «Барқи тоҷик» ва нерӯгоҳҳои   барқи  обии  Нораку  Роғун  ҳамроҳӣ  хоҳанд  кард. Ширкати  радиою телевизиони  Ҷумҳурии  Федероли  Олмон   соли  1950   ташкил  ёфтааст. Ширкати  мазкур  11 шабакаи  телевизиони  маҳаллӣ  ва   бештар  аз 50  радиостансияро  муттаҳид  месозад.  

Апрель 5, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд