Ш. РАҲИМЗОДА: «ДАР ҶУМҲУРӢ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ АФЗУД»
Душанбе, 26 апреля. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар семоҳаи авали соли 2010 маҷмўи маҳсулоти дохилӣ(ММД) 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд аст ва таваррум бошад дар ин семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки дурнамои таваррум барои соли ҷорӣ 9 фоиз муайян шудааст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода. Аз рӯи иттилоъи Раиси бонки миллӣ «захираҳои софи байналмилалӣ нисбати аввали сол зиёд шуданд. Дар охири соли 2009 ин захираҳо 940 миллион сомониро ташкил карда бошанд, дар охири моҳи марти соли равон ба як миллиарду 221 миллион сомонӣ расиданд, яъне 40 фоиз зиёд шуданд захираҳои байналмиллалӣ. Бақияи умумиии захираҳои тиллоию асъорӣ дар семоҳаи якуми соли 2010 нисбат ба аввали соли 9,8 фоиз зиёд шуда, ба 385,8 миллион доллари амрикоӣ баробар шуданд». «Ҳаҷми пулҳои захиравӣ то охири моҳи марти соли равон 2,2 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда, 1,9 миллиард сомониро ташкил кард, ки аз он 19 миллион сомони тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот баровардашуда 61 миллион сомониро ташкил намуда, 99,9 миллион сомонӣ пулҳои корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд», — иброз дошт Ш. Раҳимзода.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






