Ш. РА&#1202ИМЗОДА: «ДАР &#1206УМ&#1202УРӢ МАҶМ&#1262И МАҲСУЛОТИ ДОХИЛ&#1250 АФЗУД»

Апрель 26, 2010 11:39

Душанбе, 26 апреля. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар семоҳаи авали соли 2010 маҷмўи маҳсулоти дохилӣ(ММД) 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд аст ва таваррум бошад дар ин семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки дурнамои таваррум барои соли ҷорӣ  9 фоиз муайян шудааст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода.    Аз рӯи иттилоъи Раиси бонки миллӣ «захираҳои софи байналмилалӣ нисбати аввали сол зиёд шуданд. Дар охири соли 2009 ин захираҳо 940 миллион сомониро ташкил карда бошанд, дар охири моҳи марти соли равон ба як миллиарду 221 миллион сомонӣ расиданд, яъне 40 фоиз зиёд шуданд захираҳои байналмиллалӣ. Бақияи умумиии захираҳои тиллоию асъорӣ дар семоҳаи якуми соли 2010 нисбат ба аввали соли 9,8 фоиз зиёд шуда, ба 385,8 миллион доллари амрикоӣ баробар шуданд». «Ҳаҷми пулҳои захиравӣ то охири моҳи марти соли равон 2,2 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда, 1,9 миллиард сомониро ташкил кард, ки аз он 19 миллион сомони тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот баровардашуда 61 миллион сомониро ташкил намуда, 99,9 миллион сомонӣ пулҳои корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд», — иброз дошт Ш. Раҳимзода.   

Апрель 26, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид