Ш. ЗУҲУРОВ:«ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ»

Апрель 14, 2010 15:48

Душанбе, 14 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се бахш -энергетика, коммуникатсия ва озуқа ба истиқлолияти комил ниёз дорад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел Бертран. Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва беҳдошти  вазъи иҷтимоии ҷомеаи он бисёр ҷиҳат ба ин бахшҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мо ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», сохтмони пулу роҳҳо бо кишварҳо ҳамҷавор- Чину Афғонистон ва Покистону Эрон камар бастаем. Мо дар кишварамон захираҳои табии нафту газ хеле кам дорем, Ягона боигарии табиии мо, ки барои соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд, бунёди НБО Роғун аст, афзуд Ш. Зуҳуров. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бебунёдии сару садоҳои беасоси кишвари ҳамсояи Тоҷикистон-Ӯзбекистонро дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ шарҳ дода,  сабабҳои воқеии хушкшавии баҳри Аралро, ки асосан аз обёрӣ  шудани миллионҳо гектар заминҳо ва бунёди садҳо обанборҳо  дар кишвари ҳамсоя аст, батафсил шарҳ дод. Раиси парлумони Тоҷикистон дар мавриди  чандин амалҳои ношостаи кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷавории ҳар ду давлатро халалдор менамоянд, аз ҷумла дар бораи он ки бар хилофи  чандин созишномаҳои байналмилалии имзокардааш Узбекистон тақрибан 1000 вагон борҳои Тоҷикистонро дар истгоҳҳои роҳи оҳани кишвараш боздошт намудааст, нақл кард. Ш. Зуҳуров афзуд, ки алҳол мавсими кишту кори баҳорӣ аст  ва Тоҷикистон ба сӯзишворӣ ниёзи бештар дорад. Ӯ гуфт , ки ҷануби Тоҷикистон ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор шудааст. Дар мулоқот ҳамчунин мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия ва масъалаи Афғонистон дахл намуда, хоҳони ҳар чи зудтар  ва бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани вазъи ин кишвар гардиданд.

Апрель 14, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд