Ш. ЗУҲУРОВ:«ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ»
Душанбе, 14 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се бахш -энергетика, коммуникатсия ва озуқа ба истиқлолияти комил ниёз дорад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел Бертран. Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеаи он бисёр ҷиҳат ба ин бахшҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мо ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун», сохтмони пулу роҳҳо бо кишварҳо ҳамҷавор- Чину Афғонистон ва Покистону Эрон камар бастаем. Мо дар кишварамон захираҳои табии нафту газ хеле кам дорем, Ягона боигарии табиии мо, ки барои соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд, бунёди НБО Роғун аст, афзуд Ш. Зуҳуров. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бебунёдии сару садоҳои беасоси кишвари ҳамсояи Тоҷикистон-Ӯзбекистонро дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ шарҳ дода, сабабҳои воқеии хушкшавии баҳри Аралро, ки асосан аз обёрӣ шудани миллионҳо гектар заминҳо ва бунёди садҳо обанборҳо дар кишвари ҳамсоя аст, батафсил шарҳ дод. Раиси парлумони Тоҷикистон дар мавриди чандин амалҳои ношостаи кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷавории ҳар ду давлатро халалдор менамоянд, аз ҷумла дар бораи он ки бар хилофи чандин созишномаҳои байналмилалии имзокардааш Узбекистон тақрибан 1000 вагон борҳои Тоҷикистонро дар истгоҳҳои роҳи оҳани кишвараш боздошт намудааст, нақл кард. Ш. Зуҳуров афзуд, ки алҳол мавсими кишту кори баҳорӣ аст ва Тоҷикистон ба сӯзишворӣ ниёзи бештар дорад. Ӯ гуфт , ки ҷануби Тоҷикистон ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор шудааст. Дар мулоқот ҳамчунин мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия ва масъалаи Афғонистон дахл намуда, хоҳони ҳар чи зудтар ва бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани вазъи ин кишвар гардиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






