ШАҲРАКИ БИЁБОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

Апрель 1, 2010 10:02

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз бӯрёкӯбони хонаҳои истикоматӣ дар кӯчаи Шерозӣ беш аз дую ним сол  сипарӣ шуд,- мегӯянд сокинони ин маҳалла, ки онро бо номи «Қайроққум» ёд мекунанд. Баъди соли 2000 –ум дар ин мавзеи зебои шаҳри Душанбе 16 бинои 9 ошёна сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло   тахминан беш аз 500 оила дар ин биноҳо, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохта шудаанд, зиндагонӣ мекунанд. -Агар минбаъд дар асоси «Нақшаи генералии шаҳр» чунин сохтмонҳои шароити оддии хизматрасонинадошта сохта шаванд, сокинони он на шаҳрӣ, балки деҳотии оддӣ шуда мемонанд,- мегӯянд сокинони маҳаллаи «Қайроққум». Гап сари он меравад, ки мардуми ин мавзеъ, танҳо бо хона таъминанд (агар мактабу боғчаи бачагона)- ро ба назар нагирем, боварии кас намеояд,  агар гӯем, ки   аз шаҳраки   «Қайроққум» барои  ташхиси беморӣ ба дармонгоҳи назди «пивзавод» ва  барои хариди маводи хӯрокворӣ бозори «Баракат» ва ё Қарияи Болоро тай мезананд. Дар бораи кушодани хатсайри мусофиркашонӣ   барои сокиони ин ҷо ҳоҷати гап нест. Магар барои сокинони ин мавзеъ доштани мағоза, бозорча, дорухонаю дармонгоҳ ва даҳҳо шакли дигари инфраструктурии дар нақшаи генералии  сохтмони шаҳрак буда аз тарафи лоиҳакашон фаромӯш шуда бошад, ки то имрӯз вуҷуд надоранд. Шояд Ҳукумати шаҳр  маблағ надошта бошад, аммо ҳуқуқи иҷозат барои сохтмони инфраструктураи  ин мавзеъро ба сармоядорон дорад – ку.

Апрель 1, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд