ШАҲРАКИ БИЁБОНӢ ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз бӯрёкӯбони хонаҳои истикоматӣ дар кӯчаи Шерозӣ беш аз дую ним сол сипарӣ шуд,- мегӯянд сокинони ин маҳалла, ки онро бо номи «Қайроққум» ёд мекунанд. Баъди соли 2000 –ум дар ин мавзеи зебои шаҳри Душанбе 16 бинои 9 ошёна сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло тахминан беш аз 500 оила дар ин биноҳо, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохта шудаанд, зиндагонӣ мекунанд. -Агар минбаъд дар асоси «Нақшаи генералии шаҳр» чунин сохтмонҳои шароити оддии хизматрасонинадошта сохта шаванд, сокинони он на шаҳрӣ, балки деҳотии оддӣ шуда мемонанд,- мегӯянд сокинони маҳаллаи «Қайроққум». Гап сари он меравад, ки мардуми ин мавзеъ, танҳо бо хона таъминанд (агар мактабу боғчаи бачагона)- ро ба назар нагирем, боварии кас намеояд, агар гӯем, ки аз шаҳраки «Қайроққум» барои ташхиси беморӣ ба дармонгоҳи назди «пивзавод» ва барои хариди маводи хӯрокворӣ бозори «Баракат» ва ё Қарияи Болоро тай мезананд. Дар бораи кушодани хатсайри мусофиркашонӣ барои сокиони ин ҷо ҳоҷати гап нест. Магар барои сокинони ин мавзеъ доштани мағоза, бозорча, дорухонаю дармонгоҳ ва даҳҳо шакли дигари инфраструктурии дар нақшаи генералии сохтмони шаҳрак буда аз тарафи лоиҳакашон фаромӯш шуда бошад, ки то имрӯз вуҷуд надоранд. Шояд Ҳукумати шаҳр маблағ надошта бошад, аммо ҳуқуқи иҷозат барои сохтмони инфраструктураи ин мавзеъро ба сармоядорон дорад – ку.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






