ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЕТАРТИБИҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН ИШТИРОК НАДОРАНД

Апрель 8, 2010 15:35

Душанбе,  8 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова ). —  Роҳбари раёсати  иттилооти  Вазорати  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Давлат  Назриев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  бетартибиҳои оммавии  рӯзҳои охир дар  Қирғизистон  баамаломада  иштирок надоранд. Инчунин  бар  асари   ин бетартибиҳо  ягон  шаҳрванди  Тоҷикистон  осеб  надидааст. Вай  зикр  намуд, ки  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Қирғизистон  мувофиқи  тартиботи  муқаррарӣ  кор  мекунад. Давлат  Назриев  изҳори  умед  намуд, ки  бетартибиҳо,  муноқишаҳо ва  куштору  зӯроварӣ  дар  Қирғизистон  дар  кӯтоҳтарин  муддат  қатъ  карда  мешаванд. Тоҷикистон  тарафдори ҳар чи  зудтар мӯътадил  гардидани  вазъияти  ин  мамлакати ҳамсоя  ва  мувофиқи  қонун  ҳал  кардани  ҳамаи  масъалаҳо  мебошад.  Мо  намехоҳем, ки  халқи  қирғиз  таҷрибаи  талхи  миллати тоҷикро  аз  сар  гузаронад, гуфт  Д.Назриев. Аз рӯи   хабарҳои расида,  дирӯз  бар  асари   задухӯрдҳои  мусаллаҳона  ва бетартибиҳо дар  Бишкек  65 нафар  ҳалок  ва  495  нафар маҷрӯҳ  шудааст. Вазири  собиқи  корҳои  хориҷӣ  ва   раиси  ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  Роза  Отунбоева  ба  хабарнигорон  гуфт, ки  фаъолияти парлумони  мамлакат низ боздошта шуд.  Инчунин  ҳукумати  муваққатӣ  тамоми  ваколатҳои президент ва  ҳукуматро ба  зиммаи  худ  гирифт.  Қайд  карда шуд, ки  фаъолияти  ҳукумати  муваққатӣ  6  моҳ   давом  мекунад. Дар  ин  муддат  Қонуни  нави   асосӣ қабул  карда,  ба  кодекси  интихобот ва  қонунҳо  дар  бораи  ҳизбҳои  сиёсӣ,   ташкили  намоишу  гирдиҳамоиҳо  ислоҳот  дароварда  мешавад. Ба  қавли  Р.Отунбоева,  Қонуни  асосии ҳозираи  мамлакат  ба  истиснои  баъзе  моддаҳои он  мавриди  амал  қарор  дода  мешавад.  Фаъолияти  Комиссияи  марказии  интихобот  низ   то  қабули  кодекси  нав  боздошта  мешавад. Р.Отунбоева   зикр  намуд, ки  айни  ҳол  аз  7 вилояти  мамлакат  4  вилоят  таҳти назорати  мухолифин  қарор  дорад.

Апрель 8, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд