ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЕТАРТИБИҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН ИШТИРОК НАДОРАНД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Роҳбари раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бетартибиҳои оммавии рӯзҳои охир дар Қирғизистон баамаломада иштирок надоранд. Инчунин бар асари ин бетартибиҳо ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст. Вай зикр намуд, ки сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон мувофиқи тартиботи муқаррарӣ кор мекунад. Давлат Назриев изҳори умед намуд, ки бетартибиҳо, муноқишаҳо ва куштору зӯроварӣ дар Қирғизистон дар кӯтоҳтарин муддат қатъ карда мешаванд. Тоҷикистон тарафдори ҳар чи зудтар мӯътадил гардидани вазъияти ин мамлакати ҳамсоя ва мувофиқи қонун ҳал кардани ҳамаи масъалаҳо мебошад. Мо намехоҳем, ки халқи қирғиз таҷрибаи талхи миллати тоҷикро аз сар гузаронад, гуфт Д.Назриев. Аз рӯи хабарҳои расида, дирӯз бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона ва бетартибиҳо дар Бишкек 65 нафар ҳалок ва 495 нафар маҷрӯҳ шудааст. Вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон Роза Отунбоева ба хабарнигорон гуфт, ки фаъолияти парлумони мамлакат низ боздошта шуд. Инчунин ҳукумати муваққатӣ тамоми ваколатҳои президент ва ҳукуматро ба зиммаи худ гирифт. Қайд карда шуд, ки фаъолияти ҳукумати муваққатӣ 6 моҳ давом мекунад. Дар ин муддат Қонуни нави асосӣ қабул карда, ба кодекси интихобот ва қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили намоишу гирдиҳамоиҳо ислоҳот дароварда мешавад. Ба қавли Р.Отунбоева, Қонуни асосии ҳозираи мамлакат ба истиснои баъзе моддаҳои он мавриди амал қарор дода мешавад. Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот низ то қабули кодекси нав боздошта мешавад. Р.Отунбоева зикр намуд, ки айни ҳол аз 7 вилояти мамлакат 4 вилоят таҳти назорати мухолифин қарор дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






