ШИНОСОӢ БО ВАЗЪИ КИШТУ КОР

Апрель 9, 2010 15:15

Душанбе,  9 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Бо ташаббуси Вазорати  кишоварзӣ ҳайати  махсуси  корӣ таҳти роҳбарии  муовини   Сарвазири  мамлакат  Муродалӣ  Алимардонов  аз 1 то 10  апрели  соли  равон  бо  ҷараёни  кишту  кори  баҳорӣ  дар  ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос  гардид. Ба  ҳайат   вазири  кишоварзӣ  Қосим  Қосимов,  вазири  меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   Маҳмадамин  Маҳмадаминов, кормандону  мутахассисони  вазорату  идораҳои  соҳаи  кишоварзӣ  шомил  буданд. Ҳайати  кории  вазорат  рӯзҳои  5 – 6  апрел бо ҷараёни   кишту  кори  баҳорӣ  дар  ноҳияҳои  Панҷ,  Қумсангир,  Ҷилликӯл,  Вахш,  Бохтар,  Сарбанд ва  рӯзҳои  7 – 8 апрел  дар  ноҳияҳои  Данғара,  Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ  ва  Кӯлоб   шинос  гардид. Ҳадафи  сафари  кории  ҳайат  шиносоӣ бо вазъияти  соҳаи  кишоварзии  ноҳияҳои номбурда  мебошад. Аъзои  ҳайат  зимни  мулоқот  бо  роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  масъалаҳои   сари  вақт   кишт  кардани  зироат,  дастрас  намудани  техникаи  махсус,  таъминоти  хоҷагиҳо  бо  нуриҳои  маъданӣ  ва  ғайраро   муҳокима  намуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   имсол  дар  масоҳати  118,8  ҳазор  гектар  ғалла  корида  мешавад.  То 5  апрел  дар  масоҳати 68  ҳазору  801  гектар  ғалла  корида  шуд. Аз  ҷумла,  дар  масоҳати  42  ҳазору  700  гектар  гандум  парвариш  карда  мешавад. Дар  байни  хоҷагиҳои  вилояти  Хатлон  то  имрӯз  барои  107,4  ҳазор  гектар,  вилояти  Суғд  барои  48,8  ҳазор  гектар  ва  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  барои  29,5  ҳазор  гектар  замин   нуриҳои  маъданӣ  тақсим  карда  шуд.   Кишту  кори  баҳорӣ  дар  вилояти  Хатлон  амалан  анҷом  ёфтааст,  дар  вилояти  Суғд  дар  масоҳати 55,9  ҳазор  гектар  ва   дар  ноҳияҳои тобеи  марказ  дар  масоҳати  20,3 ҳазор гектар  замин   навъҳои  гуногуни  зироат  корида шуд. Кишти  баҳорӣ  дар  саросари  мамлакат  бо  ҷӯшу  хурӯш  давом дорад.

Апрель 9, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд