ШИНОСОӢ БО ВАЗЪИ КИШТУ КОР
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ ҳайати махсуси корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардонов аз 1 то 10 апрели соли равон бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос гардид. Ба ҳайат вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, кормандону мутахассисони вазорату идораҳои соҳаи кишоварзӣ шомил буданд. Ҳайати кории вазорат рӯзҳои 5 – 6 апрел бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Вахш, Бохтар, Сарбанд ва рӯзҳои 7 – 8 апрел дар ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб шинос гардид. Ҳадафи сафари кории ҳайат шиносоӣ бо вазъияти соҳаи кишоварзии ноҳияҳои номбурда мебошад. Аъзои ҳайат зимни мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалаҳои сари вақт кишт кардани зироат, дастрас намудани техникаи махсус, таъминоти хоҷагиҳо бо нуриҳои маъданӣ ва ғайраро муҳокима намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имсол дар масоҳати 118,8 ҳазор гектар ғалла корида мешавад. То 5 апрел дар масоҳати 68 ҳазору 801 гектар ғалла корида шуд. Аз ҷумла, дар масоҳати 42 ҳазору 700 гектар гандум парвариш карда мешавад. Дар байни хоҷагиҳои вилояти Хатлон то имрӯз барои 107,4 ҳазор гектар, вилояти Суғд барои 48,8 ҳазор гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои 29,5 ҳазор гектар замин нуриҳои маъданӣ тақсим карда шуд. Кишту кори баҳорӣ дар вилояти Хатлон амалан анҷом ёфтааст, дар вилояти Суғд дар масоҳати 55,9 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар масоҳати 20,3 ҳазор гектар замин навъҳои гуногуни зироат корида шуд. Кишти баҳорӣ дар саросари мамлакат бо ҷӯшу хурӯш давом дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






