ШИРКАТИ СУҒУРТА НАҚШАҲОИ ХУДРО БА АНҶОМ РАСОНИД

Апрель 21, 2010 08:57

Кӯлоб, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Ширкати  суғуртаи    давлатии  минтавқаи  Кӯлоб  дар  давоми  се  моҳи  соли  ҷори  иҷроиши  нақшаҳои  вордшавии  пардохтҳои  суғуртавиро  аз  рӯи  ҳамаи  намудҳо  ба  746 993  расонид,ки  ин  нишондод  134,5 %- ро дар  бар  мегирад   гуфт  зимни  нишасти  матбуоти  ҷонишини  директори  ширкат  Абдуғаффор  Давлатов.  Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  дар  ин  самт   оиди  воридшавии  пардохтҳои  суғуртавии  суғуртаи  ихтиёрию  ҳаёти  дар  ноҳияҳои   Восеъ,  Муъминобод,   Шӯрообод, Кӯлоб, Темурмалик, Данғара, Ҳамадонӣ,   Фархор  Ховалинг    хуб  ба  роҳ  монда  шуда   нақшаҳои   муайян  гардидаро  аз   100 то  210 %- зи  расонидаанд. Давлатов  зикр  кард, ки    дар  давоми  се  моҳи  соли  ҷори   ба  393  ашхоси  молу  анволашон  нобуд  ё  вайронгардида инчунин  ба  шаҳрвандони   ба  ҳаёту  саломатиашон  осеб  расида    256236 сомони  ҳақгузори  карда  шуд, ки  нисбат  ба  соли   гузашта  141436  сомони  зиёд  мебошад. Дар ин муддат  ба  буҷети  давлат   оиди  намудҳои  гуногуни  андоз  52880 сомони  маблағ  гузаронида  шуд, ки  31266 сомониаш   пардохтҳои  суғуртаи  иҷтимои  мебошанд. Мавриди  зикр  аст,ки  ба  мақсади  ҳисагузори    дар  ҳуҷҷати  стратегияи  паст  намудани  сатҳи  камбизоати  аз  ҳисоби  Ширкат   ва  шуъбаи  давлатии суғуртаи   ноҳияи  Фархор   ба  ашхосони   барҷомонда   ва  ба  мактаб-  интернати  Аралии  н. Восеъ  дар  ин  муддат   ба  андозаи  2500  сомони   кумаки  молияви   расонида  шуд.

Апрель 21, 2010 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд