СИГОРКАШӢ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ МАНЪ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда мешавад. Ин масъала 30 апрел дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазораут идораҳои марбутаи кишвар супориш дод, ки доир ба амалӣ гардонидани ин тадбир ҳуҷҷатҳои дахлдорро омода созанд. Интизор меравад доир ба манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 масъалаи ҳаётан муҳим, ки ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию, иҷтимоӣ, фарҳангию варзишии мамлакат нигаронида шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






