СИГОРКАШӢ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ МАНЪ КАРДА МЕШАВАД

Апрель 30, 2010 15:58

Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда мешавад. Ин масъала 30 апрел дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазораут идораҳои марбутаи кишвар супориш дод, ки  доир ба амалӣ гардонидани ин тадбир ҳуҷҷатҳои дахлдорро омода созанд. Интизор меравад доир ба манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 50 масъалаи ҳаётан муҳим, ки ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию, иҷтимоӣ, фарҳангию варзишии мамлакат нигаронида шудааст,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Апрель 30, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад