СИННИ НИКОҲИ ДУХТАРОН БАЛАНД БАРДОШТА МЕШАВАД?
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба қонунгузории Тоҷикистон дар бораи аз синни 17 ба 18, яъне як сол баланд кардани синну соли никоҳ тағйирот ворид карда мешавад. Ин масъаларо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ баён кард. Ин тадбир бо мақсади беҳтар омода сохтани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, таъмини шароити хуби оиладорӣ ва таҳкими риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар ҷомеа андешида мешавад. Зеро тибқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар солҳои охир теъдоди талоқ дар байни оилаҳои ҷавон афзудааст. Аз ҷумла, дар 5 соли охир (2005-2009) дар ҷумҳурӣ шумораи бекор кардан ақди никоҳ аз 2900 ба 5 ҳазору 850 адад расидааст. Дар соли 2009 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ беш аз 100 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ва қариб 6000 ҳолати бекор кардани ақди никоҳро (талоқ) ба қайд гирифтаанд, ки ин шумора дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон нигароникунанда аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






