СИТОД БА РОҲБАРОН ДАСТУР ВА СУПОРИШ ДОД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ситоди «Мубориза зидди малах ва дигар ҳашароти зараровар» вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов мутахассисони раёсату шӯъбаҳо ва дигар идораҳои марбут ба мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасонро дар бораи пешгирӣ аз ин ҳодисаи табиӣ сахт таъкид намуд. Вазир дар ситод ҳамчунин таъкид сохт, ки мутахассисон аз ҳозир алоқаашонро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам намуда, бо кӯмаку дастгирии онҳо техника ва муҳимоти заруриро оид ба нобуд сохтани ҳашароти зараррасон ба даст оранд. Барои ворид намудани заҳрхимикатҳо дар наздиктарин вақт тавассути баргузории тендер заҳрхимикатҳо вориди Тоҷикистон гардонида шаванд. Муовини вазир И. Исроилов вазифадор карда шуд, ки бо гурӯҳи олимону мутахассисон вазъи боғҳои минтақаро дар води Рашт санҷида, масъалаи нобуд сохтани ҳашароти зараррасони ин боғотро дар ҷояш ҳал намоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






