СИТОД БА РОҲБАРОН ДАСТУР ВА СУПОРИШ ДОД

Апрель 15, 2010 08:57

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ситоди «Мубориза зидди малах ва дигар ҳашароти зараровар» вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов мутахассисони раёсату шӯъбаҳо ва дигар идораҳои марбут ба мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасонро  дар бораи пешгирӣ аз  ин ҳодисаи табиӣ сахт таъкид намуд. Вазир  дар ситод ҳамчунин таъкид сохт, ки мутахассисон аз ҳозир алоқаашонро   бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам намуда, бо кӯмаку дастгирии онҳо техника ва муҳимоти заруриро оид ба нобуд сохтани ҳашароти зараррасон ба даст оранд. Барои ворид намудани заҳрхимикатҳо дар наздиктарин вақт тавассути баргузории тендер заҳрхимикатҳо вориди Тоҷикистон гардонида шаванд. Муовини вазир И. Исроилов вазифадор карда шуд, ки бо гурӯҳи олимону мутахассисон вазъи боғҳои минтақаро дар води Рашт санҷида,  масъалаи нобуд сохтани ҳашароти зараррасони ин боғотро дар ҷояш ҳал намоянд.                

Апрель 15, 2010 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд