СОҲИБКОРОНИ АФҒОН ТРАНСФОРМАТОРҲОИ ТОҶИКӢ МЕХАРАНД
Қӯрғонтеппа, 8 апрел. (АМИТ «Ховар» Юсуфбек Беков).- ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамкорияшро бо бародарони афғон қавӣ мекунад. Зикрулло Бекматов сардори ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯроғонтеппа ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки таи чанд соли охир харидорони маҳсулоти тайёр намудаи онҳо соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будаанд, ки минбаъд ҳамкориро қавӣ кардани ҳастанд. ҶСШК «Трансформатор» таи чанд моҳи охир фаъолияташро суст намуда буд, ки баъди баргардонидани қарзаш кормандонашро дубора ба кор даъват намуда, ҳамаруза 2 ва 3 трансформатор омода мекунад. Ёдовар мешавем, ки дар собиқ Иттиходи шуравӣ ягона коргоҳи трансформаторсозии дар қаламрави Осиёи миёна ба ҳисоб мерафт, ҳамзамон ягона дар Тоҷикистон мебошад,ки барои нерӯгоҳҳои хурду бузурги кишвар зеристгоҳу дигар таҷхизотҳои лозимаро омода ва ба истифода медиҳад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






