СОҲИБКОРОНИ АФҒОН ТРАНСФОРМАТОРҲОИ ТОҶИКӢ МЕХАРАНД

Апрель 8, 2010 16:06

Қӯрғонтеппа, 8  апрел. (АМИТ «Ховар» Юсуфбек  Беков).- ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамкорияшро бо бародарони афғон қавӣ мекунад. Зикрулло Бекматов сардори ҶСШК      «Трансформатор»-и шаҳри Қӯроғонтеппа ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки таи чанд соли охир харидорони маҳсулоти тайёр намудаи онҳо соҳибкорони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будаанд, ки минбаъд ҳамкориро қавӣ кардани ҳастанд.  ҶСШК «Трансформатор» таи чанд моҳи охир фаъолияташро суст намуда буд, ки баъди баргардонидани қарзаш кормандонашро дубора ба кор даъват намуда, ҳамаруза 2 ва 3 трансформатор омода мекунад. Ёдовар мешавем, ки  дар собиқ Иттиходи шуравӣ ягона коргоҳи трансформаторсозии дар қаламрави  Осиёи миёна ба ҳисоб мерафт, ҳамзамон ягона дар Тоҷикистон мебошад,ки барои нерӯгоҳҳои хурду бузурги кишвар зеристгоҳу дигар таҷхизотҳои лозимаро омода ва ба истифода медиҳад.    

Апрель 8, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад