СОХТМОНИ «РОҒУН» АВҶ МЕГИРАД

Апрель 26, 2010 09:56

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ҳаҷми азхудкунии маблағҳоро дар   сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, дар семоҳаи аввали  соли ҷорӣ дар Агентии сохтмон ва меъморӣ шарҳ дода гуфтанд, ки дар ин муддат дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2» сармояи асосӣ ба маблағи 205 млн. 178 ҳазору 900 сомонӣ ва дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бошад, 120 млн. 736 ҳазору 400 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба маблағи 42 млн. 345 ҳазор  сомонӣ зиёд аст. Дар семоҳаи якуми соли 2010 ҳамчунин бо истифода аз сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ  дар масоҳати умумии 76 ҳазору 116 метри мураббаъ  хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳазору 219 метри мураббаъ зиёд аст. Айни замон дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи генералӣ сохтмони иншоотҳои хоҷагию давлатӣ давом дорад.

Апрель 26, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад