СОХТМОНИ «РОҒУН» АВҶ МЕГИРАД
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ҳаҷми азхудкунии маблағҳоро дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Агентии сохтмон ва меъморӣ шарҳ дода гуфтанд, ки дар ин муддат дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2» сармояи асосӣ ба маблағи 205 млн. 178 ҳазору 900 сомонӣ ва дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бошад, 120 млн. 736 ҳазору 400 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба маблағи 42 млн. 345 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар семоҳаи якуми соли 2010 ҳамчунин бо истифода аз сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ дар масоҳати умумии 76 ҳазору 116 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳазору 219 метри мураббаъ зиёд аст. Айни замон дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи генералӣ сохтмони иншоотҳои хоҷагию давлатӣ давом дорад.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






