СОХТМОНИ ТУННЕЛИ ШАҲРИСТОН КАШОЛ МЕЁБАД

Апрель 6, 2010 15:30

Душанбе,  6 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —  Дар  шароити  имрӯза  дар  сохтмони  туннели «Шаҳристон» баъзе  душвориҳо ба  миён  омадаанд. Ин  душвориҳо  асосан ба хеле  зуд  тағйир  ёфтани  вазъи  ҳаво, омадани  сел, фуромадани  ярч  ва   сангрезӣ вобаста мебошанд. Дар  натиҷа баъзеҳо  пешгӯӣ  мекунанд, ки туннели  мазкур  на  моҳи   декабри  соли  2010,  балки  дар  давоми  соли 2011  ба  истифода  дода шавад. Ба  қавли  кормандони  масъули  Маркази  иҷрои  нақшаи  тармиму таҷдиди  роҳи  мошингарди   «Душанбе – Хуҷанд» —  и Вазорати  нақлиёт  ва  алоқаи  ҷумҳурӣ,  мутахассисони  тоҷик  ҳамроҳи   мутахассисони  чинӣ  рӯзҳои наздик   шароити  сохтмони   туннелро   омӯхта,  дар ин  бобат  қарори  дахлдор  қабул  хоҳанд  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки то  имрӯз дар  ин  ҷо  ба  дарозии  3  километру 690 метр  туннели нақлиётӣ ва  ба  дарозии  3  километру  980  метр  туннели  ҳавокашӣ  канда шудааст. Дарозии  умумии  туннел  5  километру 253 метр  мебошад. Сохтмони туннел  айни  ҳол шабу рӯз  давом  дорад.  Коргарон  дар  баробари  кандани  туннел  девораҳои онро  бетонпӯш  карда,  асбобу  анҷоми  заруриро  насб  менамоянд. Хароҷоти  умумии  сохтмони туннел  296  миллион  доллари  ИМА  мебошад.  Онро  ширкати  сохтмони роҳу  кӯпрукҳои  «Чайна Роуд» — и  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  месозад.

Апрель 6, 2010 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад