СОЛИ 2010 СОЛИ БАРТАРАФ КАРДАНИ БӮҲРОН
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ барои иқтисодиёти кишвари мо соли бартараф кардани таъсири бӯҳрони молиявӣ мебошад. Дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба соли 2008 сеюним фоиз афзуд. Таваррум дар сатҳи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз камтар аст. Дар давраи бӯҳрон зарари он ба буҷаи ҷумҳурӣ ба зиёда аз 1 млрд. сомонӣ баробар гардид. Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2010 аломатҳои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакатро нишон медиҳанд. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 6,7 фоиз афзуд, ки назар ба моҳҳои январ – марти соли 2009 3,2 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад 16,3 фоиз афзудааст,- иброз доштанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






