«СОМОН ЭЙР» СОҲИБИ БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМО ШУД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Маъмурияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 7 апрел боз як ҳавопаймои «Боинг 737» — и ширкати «Травел Сервис» — и Чехияро ба иҷораи дарозмуддат гирифт. Ҳавопаймои мазкур соли 2008 сохта шуда, барои 174 мусофир ҷойи нишаст дорад. Муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ Фирӯз Эшонқулов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳавопаймо вобаста ба зиёд гардидани теъдоди мусофирон дар фасли тобистон ва афзудани талабот ба зиёд намудани парвози ҳавопаймоҳо ба иҷора гирифта шуд. Вай зикр намуд, ки сарнишинони ҳавопаймо аз Чехия мебошанд, гурӯҳи пешхизматҳои он аз Чехия ва Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Ҳавопаймои чанд рӯз пеш ба иҷора гирифташуда 7 апрел аз Душанбе ба Дубай парвоз кард. Ҳамин тариқ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби се ҳавопаймои мусофирбари «Боинг – 737 – 800» гардид. Тибқи нақша соли оянда дар корхонаи ҳавопаймосозии шаҳри Сиэтли ИМА барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ду ҳавопаймои дигар сохта хоҳад шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






