«СОМОН ЭЙР» СОҲИБИ БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМО ШУД

Апрель 8, 2010 16:20

Душанбе,  8 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна  Бойева). —    Маъмурияти ширкати  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» 7  апрел  боз  як  ҳавопаймои  «Боинг 737» — и  ширкати «Травел Сервис» —  и  Чехияро  ба  иҷораи  дарозмуддат  гирифт.  Ҳавопаймои  мазкур   соли  2008 сохта шуда,  барои  174  мусофир  ҷойи  нишаст  дорад. Муовини  директори генералии  ширкати  ҳавопаймоӣ  Фирӯз  Эшонқулов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  ҳавопаймо  вобаста ба  зиёд  гардидани теъдоди  мусофирон  дар  фасли  тобистон  ва  афзудани талабот  ба  зиёд намудани  парвози  ҳавопаймоҳо ба  иҷора  гирифта  шуд.  Вай  зикр намуд, ки   сарнишинони  ҳавопаймо  аз  Чехия  мебошанд,  гурӯҳи  пешхизматҳои  он  аз  Чехия  ва  Тоҷикистон  интихоб  карда шуданд. Ҳавопаймои чанд  рӯз  пеш  ба  иҷора  гирифташуда  7  апрел  аз  Душанбе ба  Дубай  парвоз  кард. Ҳамин тариқ  ширкати  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр»  соҳиби  се  ҳавопаймои  мусофирбари  «Боинг – 737 – 800»  гардид. Тибқи  нақша  соли оянда  дар  корхонаи  ҳавопаймосозии  шаҳри  Сиэтли  ИМА  барои ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» ду  ҳавопаймои  дигар  сохта  хоҳад  шуд.

Апрель 8, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад