СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОНРО БА ЭЪТИДОЛ МЕОРАНД

Апрель 12, 2010 15:26

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Тибқи  паймони  қаблан бадастомада,  муовини  муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ Валерий  Семериков,  намояндаи  махсуси   Муншии  умумии  СММ  дар  Қирғизистон Ян  Кубиш  ва   намояндаи  махсуси  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо, муовини  раиси  Маҷлиси  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Жанибек  Қарибҷонов   дар  Бишкек  мулоқот  карданд. Зимни  мулоқот  роҷеъ ба   воқеаҳои  рӯзҳои охири  Қирғизистон  табодули назар  карда  шуд.  Иштирокчиёни  мулоқот  вазъияти  мамлакатро   ҳамаҷониба  муҳокима  намуда,  барои ба  эътидол  овардани он  таклифҳо  пешниҳод  намуданд. Намояндагони  созмонҳои  мӯътабари  байналмилалӣ  эътироф  намуданд, ки  бе   муттаҳид  сохтани  ҷидду  ҷаҳди  мамлакатҳо  ва  созмонҳои  байналмилалӣ  ва бо  ин роҳ  расонидани  кӯмак ба  Қирғизистон  бартараф  сохтани  бӯҳрони  дохилӣ  ва барқарор намудани ҳаёти  осоишта  имконнопазир  аст.

Апрель 12, 2010 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд