СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОНРО БА ЭЪТИДОЛ МЕОРАНД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи паймони қаблан бадастомада, муовини муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Валерий Семериков, намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Қирғизистон Ян Кубиш ва намояндаи махсуси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, муовини раиси Маҷлиси Ҷумҳурии Қазоқистон Жанибек Қарибҷонов дар Бишкек мулоқот карданд. Зимни мулоқот роҷеъ ба воқеаҳои рӯзҳои охири Қирғизистон табодули назар карда шуд. Иштирокчиёни мулоқот вазъияти мамлакатро ҳамаҷониба муҳокима намуда, барои ба эътидол овардани он таклифҳо пешниҳод намуданд. Намояндагони созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ эътироф намуданд, ки бе муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва бо ин роҳ расонидани кӯмак ба Қирғизистон бартараф сохтани бӯҳрони дохилӣ ва барқарор намудани ҳаёти осоишта имконнопазир аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






