СУҒУРТАИ ИХТИЁРӢ КАМ ШУД ЧАРО?

Апрель 6, 2010 12:19

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар соли 2010 ширкатҳои суғуртавӣ ҳамагӣ 1123552 шартнома имзо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6 фоиз камтар   аст. Аз шартномаҳои имзошуда 73,8 фоизаш аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ буда, 26,2 фоизашро суғуртаҳои ҳатмӣ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶТ 16 ширкати суғуртавии иҷозатномадошта амал мекунад, ки аз онҳо 2 –тояш ширкати давлатӣ ва 14 –тояш ғайридавлатӣ мебошанд. Аз рӯи ҷамъбасти пешакии маълумотҳои оморие, ки ширкатҳои суғуртавӣ пешниҳод кардаанд, маблағи барномавии ширкатҳои суғуртавӣ 19092,4 ҳазор сомониро ташкил мекунанд, ки 57797,6 ҳазор сомонии он маблағи аъзоҳақии суғуртавӣ мебошад. Дар ин давра пардохти суғурта 12876,5 ҳазор сомониро ташкил додаст.  

Апрель 6, 2010 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд