СУҒУРТАИ ИХТИЁРӢ КАМ ШУД ЧАРО?
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2010 ширкатҳои суғуртавӣ ҳамагӣ 1123552 шартнома имзо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6 фоиз камтар аст. Аз шартномаҳои имзошуда 73,8 фоизаш аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ буда, 26,2 фоизашро суғуртаҳои ҳатмӣ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶТ 16 ширкати суғуртавии иҷозатномадошта амал мекунад, ки аз онҳо 2 –тояш ширкати давлатӣ ва 14 –тояш ғайридавлатӣ мебошанд. Аз рӯи ҷамъбасти пешакии маълумотҳои оморие, ки ширкатҳои суғуртавӣ пешниҳод кардаанд, маблағи барномавии ширкатҳои суғуртавӣ 19092,4 ҳазор сомониро ташкил мекунанд, ки 57797,6 ҳазор сомонии он маблағи аъзоҳақии суғуртавӣ мебошад. Дар ин давра пардохти суғурта 12876,5 ҳазор сомониро ташкил додаст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






