ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иброҳимов Иброҳимҷон Сангинович бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд муовини аввали Раиси шаҳр таъин гардид. Иброҳимов Иброҳимҷон Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, солҳои тӯлонӣ дар мақомоти комсомолӣ ва ҳизбию давлатӣ — дар вазифаҳои котиби аввали кумитаи комсомолии шаҳри Хуҷанд, котиби Комитети Марказии комсомол ва муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, котиби дуюм ва баъдан котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд адои фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Чкалов таъин гардида, дар ин мансаб то моҳи январи соли 2003 кор кардааст. Солҳои 2003-2007 директори Корхонаи воҳидии муҳоҷирати меҳнатии «Тоҷикхориҷакор» ва то муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуданаш вазифаи директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ММК – Чкалов»-ро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Чкалов интихоб шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






