ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ПАҲН ГАРДИДАНИ АСЛИҲАИ ҚАТЛИ ОМ

Апрель 12, 2010 16:49

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —  12  апрел  дар  Душанбе  дар  масъалаи   имконияти   паҳн  гардидани  терроризм  ва тақвияти  мубориза ба  муқобили  паҳн  гардидани  аслиҳаи  қатли ом  дар  Осиёи  Марказӣ конфронси байналхалқӣ  кушода шуд. Конфронс  бо ташаббуси  Агентии  амнияти   ядроӣ  ва  радиатсионии  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  дастгирии  молиявии  Маркази   байналмилалии  илмию техникӣ  гузаронида  мешавад.  Дар  конфронс  директори Агентии амнияти  ядроӣ   ва  радиатсионии  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ӯлмас  Мирсаидов,  муовини  мудири  иҷроияи  Маркази байналмимлалии  илмию техникӣ Лео  Овсиатски ва  намояндагони  Қазоқистону  Қирғизистон,  Русия  ва  ИМА  иштирок  доранд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Ӯлмас  Мирсаидов  конфронсро  кушода,  дар  мавзӯи  «Таҳлили  зуҳуроти  паҳн  гардидани  аслиҳаи  қатли  ом»  маърӯза  кард.  Инчунин   намояндагони  Донишгоҳи  миллии  таҳқиқоти  ядроии  Федератсияи  Русия,  корхонаи  «Изотоп» — и  Агентии  таҳқиқоти  атоми  Федератсияи  Русия  ва намояндагони   корхонаю  муассисаҳои  дахлдори  Тоҷикистон  роҷеъ ба  масъалаҳои  рӯзномаи  конфронс  сухан  ронданд.  Конфронси  мазкур  ду  рӯз  давом  мекунад.

Апрель 12, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад