ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ

Апрель 28, 2010 09:52

Душанбе,  28 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  1  май  дар  Тоҷикистон Рӯзи  ҷаҳонии меҳнат  таҷлил  карда  мешавад. Тибқи  хабари  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон,  вобаста ба он, ки 1  май  ба рӯзи  истироҳат, яъне рӯзи  шанбе  рост  меояд, мувофиқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи рӯзҳои  ид»  рӯзи  истироҳат ба 3  май   гузаронида  мешавад. Ҳамин  тариқ  дар  Тоҷикистон  1,2 ва  3  май   рӯзҳои  истироҳат  мебошанд. 1 май  дар  аксарияти  мамлакатҳои  ҷаҳон  бештар  аз  сад  сол  боз  ҷашн  гирифта  мешавад. Ҷашни  мазкур  ба  намоиши  коргарони  Чикаго  дар  соли  1886  вобаста мебошад.  Ҳамон рӯз  коргарон  корпартоӣ ташкил  намуда,  аз  ҳукуматдорон  талаб  намуданд, ки  ба  ҷои рӯзи  кории  15 – соата  рӯзи  кории  8 — соата ҷорӣ  карда шавад. Анҷумани  Интернатсионали  дуюм   моҳи  июли  соли  1889  бо  назардошти   намоиши  коргарони  Чикаго  қарор  қабул  кард, ки  ҳар  сол  рӯзи  1 май  намоиши  идона  гузаронида шавад.  1 май  дар  саросари  ҷаҳон  ҳамчун   рамзи  инқилоб  ва  муборизаи   оштинопазири  синфӣ  таҷлил  карда  мешуд.

Апрель 28, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад