ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 1 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии меҳнат таҷлил карда мешавад. Тибқи хабари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, вобаста ба он, ки 1 май ба рӯзи истироҳат, яъне рӯзи шанбе рост меояд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳат ба 3 май гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон 1,2 ва 3 май рӯзҳои истироҳат мебошанд. 1 май дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бештар аз сад сол боз ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни мазкур ба намоиши коргарони Чикаго дар соли 1886 вобаста мебошад. Ҳамон рӯз коргарон корпартоӣ ташкил намуда, аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки ба ҷои рӯзи кории 15 – соата рӯзи кории 8 — соата ҷорӣ карда шавад. Анҷумани Интернатсионали дуюм моҳи июли соли 1889 бо назардошти намоиши коргарони Чикаго қарор қабул кард, ки ҳар сол рӯзи 1 май намоиши идона гузаронида шавад. 1 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун рамзи инқилоб ва муборизаи оштинопазири синфӣ таҷлил карда мешуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






