ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҳар сол 7 апрел дар саросари ҷаҳон рӯзи ҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 7 апрели соли 1948 таъсис ёфта буд. Созмони мазкур имрӯз қариб 200 давлати ҷаҳонро муттаҳид месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дар мамлакатҳои ҷаҳон рӯзи саломатӣ аз соли 1950 сар карда, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он ба одамон фаҳмонидани аҳамияти бузурги саломатӣ дар зиндагии онҳо ва андешидани тадбирҳо барои ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим мебошад. Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ ҳар сол ба як мавзӯи муҳими дорои аҳамияти умумибашарӣ бахшида мешавад. Шиори ҷашн дар соли 2010 «1000 шаҳр – 1000 ҳаёти солим» аст. Имрӯз дар ҳар мамлакат барои мустаҳкам кардани саломатии сокинони шаҳрҳо тадбирҳо андешида мешавад. Кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳои калон ҷамъомадҳо ташкил намуда, тарзи ҳаёти солимро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. Имрӯз ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ дар маркази ҷавонони шаҳр бо иштироки вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ маҷлиси ботантана баргузор мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






