ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ

Апрель 7, 2010 11:40

Душанбе,  7 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Ҳар  сол  7  апрел дар  саросари  ҷаҳон рӯзи  ҷаҳонии  саломатӣ  таҷлил  карда  мешавад. Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ 7 апрели  соли 1948  таъсис  ёфта буд. Созмони  мазкур   имрӯз  қариб  200  давлати  ҷаҳонро  муттаҳид  месозад. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳам  узви  комилҳуқуқи  Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ  мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  дар  мамлакатҳои  ҷаҳон рӯзи  саломатӣ  аз  соли  1950  сар  карда,  ҳар  сол    ҷашн  гирифта  мешавад. Ҳадафи он   ба  одамон  фаҳмонидани   аҳамияти  бузурги  саломатӣ  дар  зиндагии  онҳо  ва андешидани тадбирҳо барои  ба  роҳ  мондани тарзи  ҳаёти  солим  мебошад. Рӯзи  ҷаҳонии  саломатӣ  ҳар  сол  ба  як  мавзӯи  муҳими   дорои  аҳамияти  умумибашарӣ бахшида мешавад. Шиори  ҷашн  дар  соли  2010 «1000 шаҳр – 1000 ҳаёти  солим»  аст. Имрӯз  дар  ҳар  мамлакат  барои  мустаҳкам  кардани  саломатии  сокинони  шаҳрҳо   тадбирҳо  андешида  мешавад.  Кормандони  муассисаҳои тандурустӣ   дар  кӯчаҳои  шаҳрҳои  калон   ҷамъомадҳо ташкил  намуда,  тарзи  ҳаёти  солимро   дар  байни  аҳолӣ ташвиқу тарғиб  менамоянд. Имрӯз  ба  муносибати Рӯзи  ҷаҳонии  саломатӣ  дар  маркази  ҷавонони  шаҳр  бо  иштироки   вазири  тандурустии  мамлакат  Нусратулло  Салимов ва  кормандони  муассисаҳои тандурустӣ маҷлиси  ботантана  баргузор  мегардад.

Апрель 7, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид