ТАДБИРҲОИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ПОКИСТОН

Апрель 23, 2010 10:24

Вақтҳои охир  дар  саросари   Покистон  бо  сабаби  нарасидани қувваи барқ вазъияти  муташанниҷ  ба  амал  омадааст. Бинобар ин  Ҳукумати  мамлакат барои  истифодаи  сарфакоронаи  он  тадбирҳои  қатъӣ  меандешад.  Ҳадафи  ин   тадбирҳо  истифодаи  сарфакорона  ва   то ҳадди  имкон  кам  кардани  зарари  нарасидани  қувваи барқ  аст. Сарвазири  мамлакат  Юсуф Ризо  Гелонӣ  изҳор  намуд, ки  айни  ҳол  нарасидани  қувваи барқ  ва  қатъ  намудани  интиқоли он  дар  бисёр   минтақаҳои  мамлакат  ба   проблемаи  амнияти  миллӣ табдил  ёфтааст. Тадбирҳои  андешидаи  Ҳукумат аз  ҷумла,  ҷорӣ  намудани  ҳафтаи  кории  панҷрӯза,  манъ  намудани  кори  мағозаю  дӯконҳо  баъди ғуруби  офтоб,  кӯтоҳ  кардани мӯҳлати гузаронидани тӯйю  маъракаҳо ва   манъи истифодаи қувваи  барқро барои равшан кардани  лавҳаҳои рекламавӣ  дар бар  мегиранд. 

Апрель 23, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд