ТАДБИРҲОИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ПОКИСТОН
Вақтҳои охир дар саросари Покистон бо сабаби нарасидани қувваи барқ вазъияти муташанниҷ ба амал омадааст. Бинобар ин Ҳукумати мамлакат барои истифодаи сарфакоронаи он тадбирҳои қатъӣ меандешад. Ҳадафи ин тадбирҳо истифодаи сарфакорона ва то ҳадди имкон кам кардани зарари нарасидани қувваи барқ аст. Сарвазири мамлакат Юсуф Ризо Гелонӣ изҳор намуд, ки айни ҳол нарасидани қувваи барқ ва қатъ намудани интиқоли он дар бисёр минтақаҳои мамлакат ба проблемаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумат аз ҷумла, ҷорӣ намудани ҳафтаи кории панҷрӯза, манъ намудани кори мағозаю дӯконҳо баъди ғуруби офтоб, кӯтоҳ кардани мӯҳлати гузаронидани тӯйю маъракаҳо ва манъи истифодаи қувваи барқро барои равшан кардани лавҳаҳои рекламавӣ дар бар мегиранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






