ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Намояндаи қароргоҳи минтақавии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Истамбул Атобек Назиров рӯзҳои истироҳати гузашта ба вилояти Суғд рафта, бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии он шинос гардид. Меҳмон инчунин бо роҳбарони ҷамъиятҳои саҳҳомии «Дӯсти Амирхон», «Сирандуд», «Хуҷандсоз» ва «Реал» мулоқот кард. Зимни мулоқотҳо дар бораи амалӣ сохтани тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ маълумот дода, роҳу усулҳои ҷалби сармоя ва иштироки Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо ба амалӣ сохтани барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, мавриди истифода қарор додани манбаъҳои иловагии қувваи барқу гармӣ ва ташкили маркази таъминотию нақлиётӣ муҳокима карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки инчунин сафири Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Ивар Вике низ рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Хуҷанд бо маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд « мулоқотҳо анҷом дод. Роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба И.Вике барои кӯмакаш ба ҷалби коршиноси байналмилалии Минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Белорусия барои гузаронидани силсилаи машқҳо ва машғулиятҳо бо иштироки кормандони минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» миннатдорӣ изҳор намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






