ТАТБИҚИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки замин ва рушди соҳибкорӣ ҷиҳати сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ дар пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Қарор имзо кард. Дар асоси он аз 14 то 29 апрели соли 2010 барои дарёфти иҷозати лоиҳакашии иншоотҳои инфрасохторӣ мутобиқ ба талаботи Нақшаи генералии шаҳр озмун эълон карда мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаи сохтмони бинои 9 ошёнаи Гипермаркет дар кӯчаи Н. Махсум дар масоҳати -0,10 га, Маркази дилхушии итолиявӣ ва хизматрасонии маишӣ, дар кӯчаи Шамсӣ дар масоҳати 0,10 га, се бинои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Сино дар масоҳати 0,56 га, хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаи бисёрквартирадор дар маҳаллаи Испечак дар масоҳати 1га ва ғайра Дар асоси ин Қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки тибқи қарори комиссияи озмун, ки на дертар аз 3 майи соли 2010 омода мегардад, дар доираи муқаррарот лоиҳаи қарорҳоро оиди барои ғолибони озмун интихоб намудани қитъаи замин ҷиҳати лоиҳакашӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






