ТАВАССУТИ СУД БА МАКТАБ Ё БА РУСИЯ

Апрель 16, 2010 11:00

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хабарнигорони васоити ахбори омма дар нишастҳои  матбуотии вазоратҳои маориф, нақлиёт ва коммуникатсия, Прокуратураи генералию Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия завқи бештари иштирок намуданро доранд, чаро? Барои ҷавоб Вазорати маориф интихоб шуд, ки  нишасти матбуотӣ  он ҷо хеле «гарм» мегузарад. Баҳс аз сару либоси ҳонандаю донишҷӯ, телефонии мобилию мошинсаворӣ, ба мактабҳо фаро нагирифтани хонандаю баъди хатми донишгоҳ ба ҷойи кори таъин- шуда нарафтани хатмкардагони Донишгоҳи омӯзгорӣ, судбозӣ кардани вазорати мазкуру хатмкардаи ин донишгоҳҳо, байни худ муноқиша кардани хонандагони мактабҳои пойтахт ва боз даҳҳо масъалаҳои баҳсӣ ба миён кашида мешаванд. Ба гуфти вазир, 326 хатмкардаи донишгоҳи омӯзгорӣ ва дигар муассисаҳои олии кишвар бо сабаби аз рӯи тавсия ба кор нарафтанашон ба суд дода шуданд. Донишҷӯёни ДДОТ, ки баъди хатм бо ихтисоси худ ба кор намераванд, барои аз ҷавобгарӣ озод шудан ба Донишгоҳ 2793   сомонӣ маблағ пардохт карданашон  аз мавзӯъҳои баҳсии имрӯзу фардои ин вазорат боқӣ мемонанд.  

Апрель 16, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд