ТАВИЛДАРА ҒОЛИБИ ОЗМУН

Апрель 22, 2010 12:04

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 7 маи соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов консерти гулчини озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони саньат таҳти унвони «Родмардони Ватан» баргузор мегардад.  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, аз 5 то 18-уми апрели соли равон тибқи фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Рўдакӣ, Ваҳдат, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод, Роғун, Файзобод Озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва хаваскорони санъат гузаронида шуд, ки ғолибони он барои иштирок кардан дар гулчини озмуни «Родмардони Ватан» роҳхат гирифтанд. Барномаи консертии пешниҳодшудаи ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳо аз 10 бахш иборат буда, максади он тарғиботи дўст доштани Ватан, ифтихор аз ватандорӣ, зебописандӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва оштипазирӣ нисбат ба ҷанг мебошад. Аз ҷумла, барномаи таҳиянамудаи театри халқии ноҳияи Тавидара беҳтарин ҳисобида шуда, ғолиби озмун дониста шуд. Ҳаваскорони ноҳияи Шаҳринав низ бо як бахши консерти лапар «Сайри чаман» ба гулчини озмун қабул карда шуд. Аз вилояти Суғд театри халқии ноҳияи Ғончӣ, аз вилояти Хатлон театри халқии ноҳияи Ёвон, аз вилояти Бадахшон театри халқии ноҳияи Ишкошим ғолибони озмуни вилоятӣ гардида ба гулчини озмуни «Родмардони Ватан» пешниҳод гардиданд.

Апрель 22, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд