ТАВИЛДАРА ҒОЛИБИ ОЗМУН
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 7 маи соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов консерти гулчини озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони саньат таҳти унвони «Родмардони Ватан» баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, аз 5 то 18-уми апрели соли равон тибқи фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Рўдакӣ, Ваҳдат, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод, Роғун, Файзобод Озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва хаваскорони санъат гузаронида шуд, ки ғолибони он барои иштирок кардан дар гулчини озмуни «Родмардони Ватан» роҳхат гирифтанд. Барномаи консертии пешниҳодшудаи ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳо аз 10 бахш иборат буда, максади он тарғиботи дўст доштани Ватан, ифтихор аз ватандорӣ, зебописандӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва оштипазирӣ нисбат ба ҷанг мебошад. Аз ҷумла, барномаи таҳиянамудаи театри халқии ноҳияи Тавидара беҳтарин ҳисобида шуда, ғолиби озмун дониста шуд. Ҳаваскорони ноҳияи Шаҳринав низ бо як бахши консерти лапар «Сайри чаман» ба гулчини озмун қабул карда шуд. Аз вилояти Суғд театри халқии ноҳияи Ғончӣ, аз вилояти Хатлон театри халқии ноҳияи Ёвон, аз вилояти Бадахшон театри халқии ноҳияи Ишкошим ғолибони озмуни вилоятӣ гардида ба гулчини озмуни «Родмардони Ватан» пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






